Дар Душанбе ба ифтихори 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир мегардад

Февраль 1, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 1.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 1050-солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ дар мавзӯи «Абурайҳон Берунӣ-мутафаккири бузурги Машриқзамин» конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин ниҳод.

Мавриди зикр аст, ки 1050- солагии Абурайҳони Берунӣ моҳи ноябри соли гузашта ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ҷиҳати таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.

Дар назар аст, ки дар кори конференсия олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намоянд.

Натиҷаи конференсияи байналмилалӣ дар шакли «Маводи конференсияи байналмилалӣ» ба нашр расонида мешавад.

Осорхонаи миллӣ аз ҳамаи донишмандону пажӯҳишгарон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар даъват ба амал меорад, ки мақолаҳои илмӣ-таҳқиқотии хешро оид ба мавзӯи мазкур барои нашр ба унвони осорхонаи  мазкур ирсол намоянд.

Нишонӣ: ш. Душанбе, И. Сомонӣ 11, суроғаи электронӣ: orientalic_91@mail.ru

Тел.: 227-85-80, (+992) 93-422-48-58

 АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 1, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд