Дар Душанбе омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои миллии рушд ва Форуми рушди Тоҷикистон баррасӣ гардид

Февраль 11, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу корҳои омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистонро баррасӣ намуданд, хабар доданд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Зимни вохӯрӣ З. Завқизода ба хонум Сезин Синаноғлу барои ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар миннатдорӣ баён намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодагӣ барои пешниҳоди Ҳисоботи ихтиёрии (VNR) дар СММ дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор, ки соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Сезин Синаноғлу омодагии Созмони Милали Муттаҳид ва оҷонсиҳои онро барои мусоидат дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалияти рушди кишвар ва баргузории чорабиниҳои зикршуда баён намуд.

 

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Февраль 11, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд