Дар Душанбе сохтмони мактаб барои 3500 хонанда оғоз мегардад

Февраль 25, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 25.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19, воқеъ дар кӯчаи А. Қаҳҳоров, 2 ноҳияи Синои пойтахт (рӯ ба рӯи ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», дар хиёбони С.Шерозӣ) сохтмони мактаб барои 3500 хонанда (дар ду баст) оғоз мегардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 20 ноябри соли 2021 лоиҳаи бинои мактабро КФ КВД «Лоиҳакаш» дар якҷоягӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия намуда, фармоишгари он ҶДММ «Сарманзил» мебошад

Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 16 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 14228 ҷой ва 14 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1980 ҷой бунёд гардиданд.

 

Аксҳо аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе

Февраль 25, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад