Дар Душанбе таҳти унвони «СҲШ 2022: ба сӯи ҳадафҳои нави рушд» мизи мудаввар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 22 феврал дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дар мавзӯи «СҲШ 2022: ба сӯи ҳадафҳои нави рушд» мизи мудаввар баргузор гардид. Ҳамоиш дар сиғаи онлайнӣ ба муносибати солгарди якуми таъсиси Марказ баргузор доир гашт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш муовини котиби генералии СҲШ, шарикони Марказ, аз ҷумла Платформаи ҷавонони СҲШ «SCOLAR Network», филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар Душанбе, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафоратҳои кишварҳои узви СҲШ ва коршиносони соҳа иштирок доштанд.
Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода, муовини дабири кулли СҲШ Григорий Логвинов ва ҳамоҳангсози миллии СҲШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода сухан гуфтанд.
Дипломатҳои калони сафоратхонаҳои кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, Дабири генералии Кумитаи чинии СҲШ оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ Чэн Вэй, директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Узбекистон Кобулҷон Собиров, Раиси платформаи ҷавонон барои кишварҳои СҲШ «SCOLAR Network» Виктория Ху, профессори идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Рашид Олимов маърӯза намуданд.
Нақшаи кории Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон барои соли 2022 тасдиқ гардид.
Созмондиҳандагони мизи гирд лоиҳаҳои муштараке буданд, ки доираи ҳамкориро миёни механизмҳои дипломатияи мардумӣ дар доираи СҲШ васеъ менамоянд.
Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварҳои узви СҲШ мебошад. Иштирокчиён инчунин зикр карданд, ки чорабиниҳое, ки барои соли 2022 таҳти роҳбарии Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, барои мустаҳкамсозии ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар доираи Созмон дар амал боз ҳам тақвият бахшида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай соли гузашта дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Марказ ташкилоти ҷамъиятӣ, ғайриҳукуматӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, дар сохтори Академия бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва таҳкими созмон фаъолият мекунад. Инчунин самтҳои асосии фаъолияти Марказ мусоидат ба ҳамкорӣ ва дӯстии байни давлатҳои узв, таҳкими эътимоди мутақобилан ва ҳамсоягии нек, ҳамбастагии миллатҳо ва динҳо, рушди муколамаи тамаддунҳо, табодули дуҷониба, омӯзиши ҳамгироӣ, равандҳо, рушди ташаббусҳо, ташкил ва баргузории чорабиниҳо дар сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳкими фазои дӯстона байни сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла созмонҳои ҷавонон, иттиҳодияҳои занони кишварҳои СҲШ, мусоидат ба рушди ҳамкории кишварҳои СҲШ дар соҳаҳои илм, маориф, иқтисод, сайёҳӣ, ташаккули захираҳои иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО бо мақсади ба таври васеъ шарҳ додани ҳадафҳо, вазифаҳо ва афзалиятро ташкил медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид






