Дар Ҷиззах вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Узбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид

Февраль 5, 2022 15:40

ДУШАНБЕ, 05.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 январ то 5 феврали соли 2022 дар шаҳри Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Узбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, роҷеъ ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Узбекистон пешниҳодҳои муштарак омода шуданд.

Дар давраи нишаст ҷонибҳо ҳамчунин азназаргузаронии саҳроиро бо мақсади омӯзиши мавзеҳои баррасишавандаи сарҳади давлатӣ анҷом доданд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

АКС: ВКХ ҶТ

Февраль 5, 2022 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд