Дар Куала-Лумпур ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия дар бахшҳои фарҳангу сайёҳӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ 7 феврал бо Вазири сайёҳӣ, санъат ва фарҳанги Малайзия Ненси Шукрӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳ ва дурнамои ҳамкориро миёни Тоҷикистон ва Малайзия дар бахшҳои фарҳангу сайёҳӣ баррасӣ карданд»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.
Аҳамияти талошҳои муштарак ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар давраи пас аз пандемия, аз ҷумла баррасии имконияти баргузории ҳафтаҳои фарҳангӣ, рӯзҳои синамо, роҳандозии ҳамкорӣ миёни китобхонаҳои миллии ду кишвар ва чорабиниҳои марбут ба сайёҳӣ таъкид шуд.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ба нафъи ҳарду кишвар изҳор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки имсол ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия (11 марти соли 1992) 30 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия имкони густариш ёфтанро доро буда, ду кишвар омодаанд уфуқҳои навро дар ин ҷода фатҳ кунанд. Дар ин робита моҳи июни соли 2012 ҷаноби Сри Лим Кок Винг бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси консули фахрӣ дар он кишвар таъйин гардид. Пояи шартномавию ҳуқуқии ду кишвари дӯст дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия дар бораи ҳамкории иқтисодӣ ва техникию илмӣ-амалӣ амалӣ мегардад.
Дар Куала-Лумпур Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки ин омили рушди муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ мебошад. Дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории техникии Малайзия (MTCP) мутахассисони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф ба Малайзия даъват шуда, такмили ихтисос мекунанд.
Солҳои охир дар ш. Душанбе ва дигар манотиқи кишвар аз ҷониби Вазорати маорифи Малайзия ва ширкати “Exhibitions Promotion and Management Sdn.Bhd” (EXPAM) бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ва такмили ҳамкорӣ дар соҳаи маориф миёни ду кишвари дӯст намоишгоҳҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Имрӯз дар макотиби олии Малайзия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, моҳи марти соли равон дар Малайзия Ҳафтаи кинои Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ин рӯзҳо дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия филмҳои ҳунарии «Рустам ва Суҳроб»-и коргардон Борис Кимягаров, «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и коргардон Далер Раҳматов ва филми тасвирии «Зани порсо» намоиш дода мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории ҳафтаи кинои тоҷик тарғибу муарррифии фарҳангу санъат ва таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҷаҳониён ва шиносоӣ пайдо намудани сокинони Малайзия бо санъати кинои мардуми тамаддунсозамон мебошад.
АКС: ВКХ ҶТ








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






