Дар минтақаи Кӯлоб 91 тонна намаки ғайристандартӣ ошкор карда шуд

Февраль 27, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 27.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаришуда аз ҷониби мутахассисони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб дар ҳафт ҳолат 91 тонна намаки ғайристандартӣ ошкор карда шуд. Аз ҷумла, дар корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Шуҳрат ЛТД» 4 тонна, ҶДММ «Сунатуллоҳ» — 10, ҶДММ «Диловар Н» — 15, ҶДММ «Зоир — А » 15 тонна, инчунин аз соҳибкорони инфиродӣ Ҷ. Икромов 10 тонна, А. Шамсиддинов — 12 ва ҶСК «Хоҷа Муъмин»-и ноҳияи Восеъ 25 тонна, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати мазкур.

-Ҳамчунин соли гузашта Раёсат дар 665 марказҳои савдо, хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ санҷиш гузаронид. Дар натиҷаи санҷиш барои риоя накардани қоидаҳои савдо нисбат ба 609 соҳибкор дар асоси талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуд, ки онҳо ба маблағи 85 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима гардиданд, -афзуд манбаъ.

Тибқи иттилои масъулин, cоли 2021 аз тарафи кормандони шуъбаи санҷиш оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ бо дархости соҳибкорони шаҳру минтақаи Кӯлоб дар фаъолияти 325 корхонаҳои истеҳсолӣ корҳои сертификатсионӣ гузаронида шуд.

Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар минтақаи Кӯлоб ҷиҳати пешгирӣ намудани воридоти маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

 

Акс аз манбаъҳои боз

Февраль 27, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд