Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сохтмони зиёда аз 43 хонаи истиқоматии баландошёнаи замонавӣ ҷараён дорад

Февраль 16, 2022 12:37

ДУШАНБЕ, 16.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 43 хонаи истиқоматии баландошёна ба тарзи замонавӣ сохта шуда истодаанд. Дар ин бора Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Шариф Самӣ гуфт, ки бо мақсади ободу зебо гардонидани ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки ноҳияи маъмурии пойтахт маҳсуб меёбад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкориро бо соҳибкорон ва дигар табақаҳои аҳолӣ ба таври зич ба роҳ мондааст, ки дар натиҷа беш аз 46 ҳазор метри мураббаъ намои берунии хонаҳои баландошёна таъмири ҷорӣ гардид.

Раиси ноҳия иброз дошт, ки навсозӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори пойтахт, махсусан, таҷдиду навсозии роҳҳо заминаи муҳими рушди минбаъдаи шаҳр маҳсуб мешавад.

Соли сипаришуда бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади тибқи стандартҳои муосир ба истифода додани роҳҳо нақшаи чорабиниҳо ташкил карда шуда, қариб 20 ҳазор метри мураббаъ роҳҳои ноҳия таъмир ва қариб 5 ҳазор метри тӯлонӣ пиёдароҳҳо дар ин давра аз ҷониби ҳукумати ноҳия ва шахсони эҳсонкор асфалт ва сафолпӯш карда шуданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2022 12:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд