Дар ояндаи наздик дар мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон кодҳои QR ҷорӣ мешаванд

Февраль 10, 2022 16:21

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Мо болои таҳияи кадастри нави мавзеъҳои  сайёҳӣ дар Тоҷикистон кор карда истодаем, ки дар он кодҳои QR бо иттилооти зарурӣ насб карда мешаванд». Чунин гуфт Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Тоҷиддин Ҷӯразода тазаккур дод, ки дар чаҳорчӯби рақамисозӣ навсозӣ ва такмили харитаҳои роҳ, ки бо кодҳои QR  фаъолият мекунанд, дар назар аст.

«Соли гузашта масъалаи рақамисозии дайри буддоии «Аҷина-теппа» бо сафоратҳои Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ баррасӣ шуда буданд. Сайёҳон ва пайравони буддизм пас аз расидан ба он ҷо метавонанд аз кодҳои QR истифода баранд. Имконият дорем ва онро бо захираҳои молӣ тақвият медиҳем», — афзуд Тоҷиддин Ҷӯразода.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки соли 2022 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намудаанд, беш аз   296 ҳазор нафарро сайёҳон  ташкил медиҳанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 15,5 фоиз камтар аст.

Зикр гардид, ки алҳол дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ  300 субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла  182 меҳмонхона,  29 ҳостелҳо  ва мотелҳо, қариб 50 осоишгоҳ, 7 осоишгоҳҳои кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 8 марказҳои муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои  солимгардонӣ, 7 хонаи истироҳатӣ, ду пансионат ва кемпинг, инчунин чор пойгоҳи сайёҳӣ ва  истироҳатӣ  ба хизматрасонии сайёҳӣ машғуланд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2022 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад