Дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардонида мешавад
ДУШАНБЕ, 19.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 205 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб зиёда аз 117 миллион доллари ИМА ва соли сипаришуда 28 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст. Ин матлабро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Зикр шуд, ки 14 октябри соли 2021 дар доираи эълон гардидани «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод — 2021» Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Душанбе — Инвест 2021» бо ҷалби 400 нафар иштирокчиён ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ баргузор гардид, ки зимни он 6 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 87,0 миллион доллари ИМА, ки дар шаҳри Душанбе амалӣ мегарданд, ба имзо расонида шуд.
Зикр шуд, ки дар Душанбе ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар арафаи идҳои миллию давлатӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмӯъ дар ин давра зиёда аз 2005 тонна молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинони пойтахт гардонида шуданд.
Ҳамзамон ҷиҳати пешгирии болоравии нарх ва ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолии ҳудуди шаҳр бо маҳсулоти гӯштӣ дар маҷмӯъ дар ин давра ба миқдори 529 тонна гӯшт, аз ҷумла 353 тонна гӯшти гов, беш аз 138 тонна гӯшти гӯсфанд ва 36 тонна гӯшти паранда бо нархи нисбатан арзон пешкаши харидорон гардонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






