Дар Шаҳринав оид ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд

Февраль 5, 2022 10:48

ДУШАНБЕ, 05.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав доир  ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи васеъ доир гардид, хабар доданд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ «Ховар».

Дар кори он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода ва раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода иштирок намуданд.

Дар ҷамъомади корӣ зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари баррасии масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2026 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда шавад. Вобаста ба ин ҷиҳати таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа аз 7 январи соли 2022 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки дар он вазифаҳо доир ба таҷлили сазовори ин ҷашни муҳими таърихӣ ба таври мушаххас баён гардидаанд.

“Ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли равон қарори раиси ноҳия ба тасвиб расида, дар он ҳайати Кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроия, Комиссия оид ба сохтмони иншооти ҷашнӣ, гурӯҳҳо ва зергурӯҳҳои корӣ, тақвими вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасдиқ карда шуданд. Вазифаҳои сохторҳои масъул доир ба таҷлили ин ҷашни таърихӣ дар давраи омодагиҳо ба ҷашн ба таври мушаххас муайян карда шудаанд”, зикр дошт раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода зимни ҷаласаи корӣ.

Ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки баҳри таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагон бояд аз ҳамин рӯз камари ҳиммат банданд.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Февраль 5, 2022 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд