Дар Суғд бахшида ба 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд бахшида ба 29-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид. Дар он раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мӯсобек Мироватов, сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода, муовини Раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Толиб Оқилов, раисони Иттифоқи касабаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, бартарафкунандагони садамаи Чернобил, муҳофизони сохти конститутсионӣ ва ҷанговарони байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Мӯсобек Мироватов зикр кард, ки «имрӯз Артиши миллии ҷумҳуриамон барои ҳифзи марзу бум ва якпорчагии кишвар ҳамеша омодааст. Муҳофизони шуҷои Ватан, неруи техникию ҳарбии кишвар ва малакаи ҷангии ҳарбиёни мо имрӯз тавони ҳифзи Ватани азизи худро доранд».
Ҳамчунин чанд нафар собиқадорон, ки бевосита иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, садамаи Чернобил ва муҳофизони сохти конститутсионӣ буданд, аз лаҳзаҳои мудҳиш ёдоварӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз шукронаи давлати тинҷу обод ва осудаи кишвар бояд кард, зеро ҳамаи он пешравиҳое, ки дар ҳамаи соҳаҳо дида мешаванд, маҳз самараи тинҷиву осудагӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба ҳамаи иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, бартарафкунандагони садамаи Чернобил, муборизони сохти конститутсионӣ, ки зиёда аз 45 нафарро ташкил медоданд, аз номи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






