Дар Тоҷикистон барои тайёр кардани моддаҳои психотропии синтетикӣ ягон озмоишгоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд буд? Посухи Ҳабибулло Воҳидзода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2022 14:02

ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Оё дар Тоҷикистон барои тайёр кардани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропии синтетикӣ ягон озмоишгоҳи ғайриқонунӣ мавҷуд буд, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор гардида бошад? Вобаста ба саволи  хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод чунин посух дод:

— Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон гуна озмоишгоҳ оид ба тайёр  кардани маводи нашъадор, аз ҷумла героин вуҷуд надорад. Озмоишгоҳи ин гуна мавод гуфта, тарзи коркарди маводи синтетикиеро, ки барои он маблағи кам сарф мешавад, барои доираи васеи истифодабарандагони нашъаманд зарур буда, бо нархи дастрас ворид мегардад ва бархеҳо аз он даромади калон ба даст меоранд, дар назар доранд. Аз ин рӯ метафитамин ва моддаҳои психотропӣ дар дигар давлатҳо ба худ хусусияти бештар паҳнкунӣ  гирифтаанд, то онҳоро ҳарчи бештар истеҳсол кунанду фоидаи зиёд ба даст оранд.

Ҳамчунин дар нишаст зикр шуд, ки соли 2021 мувофиқи маълумоти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 177 ҳазор гектар кишти афюн ба роҳ монда шуд, ки аз он метавонанд 320 тонна героин истеҳсол намоянд. Агар он бо фоиз ифода карда шавад, 85 фисади таъминкунандаи тамоми ҷаҳон бо афюни афғонӣ мебошад. Маводи мухаддир ба ҷумҳурии мо бевосита бо роҳи қочоқ аз Афғонистон ворид мешавад, ки далели ин парвандаҳои ҷиноятиест, ки мо тафтиш мебарем.

Гуфта шуд, ки соли 2021 дар Тоҷикистон 8 нафар шаҳрванди Афғонистон ва ду нафар шаҳрванди Узбекистон дастгир гардидаанд, ки аз онҳо 829 кг маводи мухаддир мусодира шуд.

Ҳабибулло Воҳидзода иброз намуд, ки соли 2021 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаю 83 кг 274 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуд.

Баъд аз сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон онҳо дар тамоми ВАО изҳор намуданд, ки «пеши роҳи қочоқи маводи мухадирро мегиранд, истеҳсоли онро боз медоранд ва шахсоне, ки ба истеҳсоли маводи мухаддир ё қочоқи он машғуланд, ҷазои қатл мегиранд».

Лекин дар ВАО ин ҳолат мушоҳида нагардида, баръакс аз рӯи маълумоти оморӣ, баъди ба сари ҳокимият омадани толибон аз нимаи моҳи август то декабр, агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 тоннаю 83 кг 274 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуда бошад, зиёда аз 2 тоннаи он ба ҳамин давра рост меояд. Танҳо дар ноҳияи Ҳамадонӣ 889 кг маводи нашъадор мусодира карда шудааст.

Инчунин дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Панҷ, Шаҳритус, Ҷайҳун ва дигар ноҳияҳое, ки дар сарҳади Афғонистон қарор доранд, дар онҳо маводи нашъадор мусодира гардидааст.

Як нуктаро бояд зикр намуд, ки дар вилояти Хатлон 2 тоннаю 391 кг маводи нашъадор мусодира шудааст, ки  58,6 фоизи мусодираи маводи нашъадорро дар бар мегирад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2022 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд