Дар вилояти Хатлон 6885 нафар вояи сеюми зидди коронавирус гирифтаанд

Февраль 6, 2022 08:51

ДУШАНБЕ, 06.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон то оғози моҳи феврал 6885 нафар вояи сеюми зидди коронавирус гирифтаанд, ки қисмати зиёди онҳо кормандони муассисаҳои тандурустӣ мебошанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

То охири  моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 1 миллиону 665 ҳазору 30 нафар, яъне 81,4 дарсади сокинони аз 18-сола болои вилоят ба эмгузаронӣ бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то ин давра 1 миллиону 369 ҳазору 776 нафар гирифтаанд, ки ин 67 фоизро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Аз ин рӯ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои дар сатҳи пурра бо эмкунии сеюм фаро гирифтани аҳолӣ  тамоми тадбирҳо андешида шудаанд.

АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 6, 2022 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт
Чин санҷишҳои COVID-19-ро пеш аз ворид шудан ба давлат бекор менамояд
Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти шакли нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: ҳолатҳои нави сирояти COVID — 19 дар ҷаҳон дар як моҳи охир 80% афзоиш ёфтааст
Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 7% афзудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон дар 28 рӯз хабар дод
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон хабар дод
Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд