ДАРАХТ БИНШОН! Дар пойгоҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳашари ниҳолшинонӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа, бунёди боғу токзор ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои тӯли солҳо бекорхобида бо иштироки ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи кишвар ва бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни дастгоҳи марказиву Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳудуди пойгоҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳашари дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ доир карда шуд.
Тавре дар Вазорати мудофиа ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокчиёни ҳашари дастҷамъона бо маслиҳату машварати мутахассисону масъулини хоҷагиҳои ёрирасон ва риояи қоидаҳои агросаноатӣ дар ҳудуди заминҳои обии хоҷагии ёрирасони назди Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ боғи олу бунёд намуданд.
Тайи панҷ соли охир дар ҳудуди пойгоҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ бо ҳашари дастҷамъонаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди 16 гектар боғи 30-солагии Истиқлолият ва 25-солагии Артиши миллӣ бунёд карда шуда, дар онҳо асосан дарахтони ороишӣ ва навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили зардолу, себ, гелос ва ғайра шинонида шуданд.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи кишоварзии Раёсати ақибгоҳии Вазорати мудофиа Дилшод Аминзода, бунёди боғҳои мазкур аллакай самараи дилхоҳ ба бор оварда, қисмҳои низомии баландкӯҳи кишвар дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бо меваҳои тару тоза ва дар фасли сармо бо меваи хушк давоми сол таъмин карда мешаванд. Илова бар ин, аз ҳисоби меваҳои лазизи ҷамъоваришуда барои сарбозон афшураи мураббо, шарбат ва дигар маҳсулоти истеъмолӣ истеҳсол мегардад.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






