Барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2022 озмун эълон карда шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2022/АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми ҶТ барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2022 озмун эълон намуд. Роҳбарони сарраёсату раёсат ва мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ номзадҳоро ҷиҳати иштирок дар озмун бояд то 18 марти соли равон ба вазорат пешниҳод намоянд.
Тартиби мукофотонидани Ҷоиза бо қарори Ҳукумиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 тасдиқ шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки барои дарёфти Ҷоиза мудирон ва мураббиёни кӯдакистонҳо, роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мақомотҳои роҳбарикунандаи маориф, кормандони идора ва шӯъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, кормандони Академияи илмҳои педагогӣ, ки дар раванди таълиму тарбия комёбиҳои барҷаста ба даст овардаанд, пешниҳод карда мешаванд.
Аз ҷумла, бояд муассисаи пешбарикунанда ҷои кори асосии номзад бошад, собиқаи кори омӯзгории номзад дар муассисаҳои таълимӣ аз 10 сол кам набошад, дастовардҳои азхудкунии тарбиятгирандагон, хонандагон, донишҷӯён дар се соли охир аз фанне, ки номзад таълим медиҳад, хуб бошад,
номзад иштирокчии озмунҳои ҷумҳуриявии «Мураббии сол», «Муаллими сол», «Директори сол», муаллиф ва мураттиби дастурҳои методӣ ва китобҳои дарсӣ бошад, дараҷа ва унвони илмӣ дошта бошад, технологияи нави педагогиро дар дарс ва корҳои тарбиявӣ истифода барад, шогирдонаш дар озмунҳои минтақавӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда бошанд.
Дарёфти Ҷоиза ба таври озмун дар якчанд давр гузаронида мешавад.
Даври аввали озмун аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, илмию таълимӣ ва дигар ташкилотҳои соҳаи маориф бо пешниҳоди номзадҳо аз ҷониби шӯроҳои педагогӣ ва илмӣ гузаронида мешавад.
Даври дуюми озмунро танҳо шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар асоси пешниҳодоти даври аввал баргузор менамоянд.
Даври сеюми озмунро идораи маорифи ВМКБ, идораҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе мегузаронанд ва ҳуҷҷатҳои номзадҳоро ба даври чоруми озмун пешниҳод мекунанд.
Вазорату идораҳо ва дигар мақомоти салоҳиятдор дар асоси пешниҳоди даври сеюм ё даври пешини озмун даври навбатии озмунро гузаронида, то 1 июл номзадҳоро барои дарёфти Ҷоиза ба Кумитаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф пешниҳод менамоянд. Дар навбати худ, Кумита ҳуҷҷатҳои воридгаштаро баррасӣ намуда, даври ниҳоии озмунро доир мекунад ва ғолибонро муайян карда, дар муддати як ҳафта барои мукофотонидан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод месозад.
Мавриди зикр аст, ки номзадҳо барои дарёфти Ҷоиза дар ҳамаи даврҳои озмун ба таври овоздиҳии пинҳонӣ муайян карда мешаванд. Ҷоиза аз 5 мукофот иборат буда, маблағи ҳар яки он 2 (ду) ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Озмун барои гирифтани Ҷоиза дар ду сол як маротиба доир мегардад. Ҷоиза аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






