Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар садри раддабандии беҳтарин донишгоҳҳои кишвар қарор гирифт

Февраль 16, 2022 11:28

ДУШАНБЕ, 16.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар раддабандии донишгоҳҳо ҷойи аввалро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва ҷои сеюмро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ишғол намуданд. Дар ин бора 14 феврал директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидзода хабар дод.

Дар ҳамин ҳол Шоҳин Саидзода зикр кард, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон сифати таълим дар муқоиса бо соли қаблӣ 4 дарсад беҳбуд ёфтааст.

Агентӣ барои муайян кардани сифати таълим шумораи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, ки аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ дифоъ карда шудаанд, шумораи мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ, шумораи ихтироот, натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ, фаъолияти методӣ, монографияҳои илмии нашршуда, теъдоди шарикон аз байни ташкилоту муассисаҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷа, шумораи компютерҳо ба як донишҷӯ, бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани хонандагон ва дигар меъёрҳоро ба назар гирифтааст.

Аз рӯи ин нишондиҳандаҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як сол боз дар ҷумҳурӣ дар ҷои аввал қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки 15 декабри соли 2021 ширкати бритониёии Quacquarelli Symonds (QS) 450 беҳтарин донишгоҳҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ — 2022 QS World University Rankings: EECA (Emerging Europe and Central Asia) -ро нашр кард. Бар асоси ин раддабандӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар байни 450 донишгоҳи беҳтарини дар ин раддабандӣ ҷойгир ҷойи 241-умро ишғол кардааст.

Дар шарҳи худ ширкати бритониёии Quacquarelli Symonds (QS) чунин навиштааст:

«Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки таърихи 70-сола дорад, яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Айни замон дар донишгоҳ 19 факулта мавҷуд аст, ки дар онҳо таълим дар се давра: бакалавр, магистратура ва докторантура аз рӯи 98 самт гузаронида мешавад.

ДМТ бо зиёда аз 190 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Донишгоҳ узви беш аз 10 иттиҳодияҳои байналмилалӣ, аз қабили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Донишгоҳи кишварҳои ИДМ ва ғайра мебошад.

Айни замон донишгоҳ инчунин дорои 107 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи донишгоҳҳои умумӣ, пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, литсейи фанҳои табиию математика, китобхонаи электронӣ, 112 лабораторияи илмӣ-тадқиқотӣ, марказҳои интернетӣ, 52 утоқи компютерӣ, 39 кабинети забономӯзӣ, Парки технологӣ, Маркази фарҳангии Конфутсий мебошад.

Илова бар ин, ДМТ маркази илмии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Дар он 11 шӯрои диссертатсионӣ фаъолият мекунад, ки ба донишҷӯёни ватаниву хориҷӣ имкон медиҳад рисолаҳои докторӣ дифоъ карда, ба ҷаҳони илм ворид шаванд ва ҳамчунин дар омода кардани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани сифати таълим дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар саҳм гузоранд».

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зарурати беҳбуди сифати таҳсилотро таъкид менамоянд.

«Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди тарбияи миллӣ ва ворид шудан ба фазои тарбияи байналмилалиро муҳимтарин ҳадаф ва афзалияти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар эълон карда будем», — иброз доштанд Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Парлумони кишвар 21 декабри соли 2021. «Зеро мо бовар дорем, ки ташаккули миллат аз таълиму тарбия ва ғамхорӣ ба ин соҳа оғоз меёбад, ки ин сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва бунёди ояндаи ободи давлату Ватан аст».

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2022 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ихтисоси «Омӯзгорони томактабӣ» таъсис медиҳад
Дӯстӣ пойдор бошад, комёбиҳо бештар мегарданд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии дӯстӣ
Китоби «Фурӯғи худшиносии миллӣ» ба нашр расид