ФУТБОЛ. Замони баргузории қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 муайян шуд

Февраль 7, 2022 11:53

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё санаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро эълон кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 феврал рақибони худро дар гурӯҳ пайдо мекунад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Конфедератсияи футболи Осиё инчунин раванди қуръакашии бозиҳои интихобиро эълон кард. Пас аз нашри раддабандии охирини ФИФА қуръакашии даври интихобии Ҷоми Осиё-2023 тартиб дода мешавад. Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, ки 24 феврал баргузор мешавад, шаш гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ташкил мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки  бозиҳои даври гурӯҳии интихобӣ дар шакли мутамарказ дар як давр –  8, 11 ва 14 июни соли оянда баргузор мешаванд. Ёздаҳ даста ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд — шаш ғолиби гурӯҳ ва инчунин панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд. Дар мусобиқаи интихобӣ 24 даста барои роҳхат ба финали Ҷоми Осиё-2023 байни ҳам мубориза мебаранд. Ба ҷуз аз Тоҷикистон ҳамчунин дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Урдун, Қирғизистон, Баҳрайн, Фаластин, Ҳиндустон, Таиланд, Филиппин, Кувайт, Туркманистон, Мянмар, Ҳонконг, Яман, Афғонистон, Малайзия, Малдив, Сингапур, Непал, Муғулистон, Бангладеш, Шри-Ланка буда,  Индонезия ва Камбоҷа барои баромадан ба даври ниҳоӣ рақобат мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Уммон, Ветнам, Чин ва Қатар аллакай ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат  гирифтаанд.

                                                      АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 7, 2022 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид