ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2022 иштирок мекунад

Февраль 7, 2022 14:19

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон  оид ба футзал дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 12-19 феврал  дар шаҳри  Бишкеки Қиғизистон баргузор  мешавад, иштирок  мекунад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни ҷавонон дастаҳои мунтахаби то 19-солаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон иштирок менамоянд. Тибқи низомнома, мусобиқа дар асоси системаи даврӣ дар як давр доир гардид, ҳар даста 4 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб мешавад.

Ба ин мусобиқа дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ омода мекунад.

Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои  мунтахаб  то 19-сола

1-ум давр
12 феврал (шанбе)
15:00 – Узбекистан – ТОҶИКИСТОН
18:00 – Эрон – Афғонистон

2-юм давр
13 феврал (якшанбе)
15:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон
18:00 – Қирғизистон – Афғонистон

3-юм давр
15 феврал (сешанбе)
15:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН
18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

4-ум давр
17 феврал (панҷшанбе)
15:00 – Афғонистон – Узбекистон
18:00 – Эрон – Қирғизистон

5-ум давр
19 феврал (шанбе)
15:00 – Узбекистон – Эрон
18:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

                                                                                                                                             АКС аз ФФТ

Февраль 7, 2022 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад