Вазири маориф ва илм аз озмоишгоҳҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дидан намуд
ДУШАНБЕ, 3.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода аз озмоишгоҳи технологияҳои мошинсозӣ ва озмоишгоҳи ал-Ҷазарии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ боздид ба амал овард, иттилоъ дод сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт.
Дар ҷараёни боздид аз озмоишгоҳҳо Вазири маориф ва илмро муовини аввали Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён ва муовини Вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода ҳамроҳӣ намуданд.
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Қудрат Давлатзода ба меҳмонон доир ба озмоишгоҳи технологияҳои мошинсозӣ ва озмоишгоҳи ал-Ҷазарӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Зикр гардид, ки озмоишгоҳи технологияҳои мошинсозӣ дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар донишгоҳ бунёд гардида, дар он номгӯи зиёди дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир ҷойгиранд. Озмоишгоҳ дар раванди таълим васеъ истифода шуда, донишҷӯён тавассути истифодаи он донишҳои амалии худро мустаҳкам месозанд.
Дар заминаи ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар донишгоҳ аввалин озмоишгоҳи ал-Ҷазарӣ дар Осиёи Миёна таъсис дода шуд. Озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсолӣ ба номи ал-Ҷазарӣ (Cezeri Lab)- ин маҷмӯи дастгоҳ ва таҷҳизоти рақамӣ мебошад, ки барои тарҳрезӣ ва тайёр намудани робот, инчунин дигар таҷҳизоти худидорашаванда (мехатроника) пешбинӣ гардидааст. Дар озмоишгоҳ зиёда аз 60 номгӯй дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир ҷойгир буда, имкони амалӣ намудани раванди технологии истеҳсол аз тарҳрезӣ то маҳсулоти тайёрро доранд.
Зимни боздид аз озмоишгоҳҳо кормандони илмӣ ба ҳайати меҳмонон имконияти амалии озмоишгоҳҳо, маҳсулоти дар озмоишгоҳ омодашуда ва дурнамои рушди озмоишгоҳҳои донишгоҳро намоиш доданд.
АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






