Иҷлосияи 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар Исломобод баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Покистон Суҳайл Маҳмуд суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ду кишвар ва масъалаҳои умдаи минтақавӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиву сайёҳӣ байни ду кишварро таъкид карданд.
Ҳамсуҳбатон роҷеъ ба Иҷлосияи 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки 22-23 марти соли 2022 дар Исломобод баргузор мегардад, табодули назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар раванди ҳамгироии кишварҳои исломӣ ва ҳамкорӣ миёни онҳо нақши муассир дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 1 декабри соли 1992 аъзои он Созмон гардид. Тоҷикистон соли 2007 аъзои Иттиҳоди парлумонии СҲИ гардид. Низомномаи нави СҲИ аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон 8 апрели соли 2009 тасдиқ гардид.
Дар доираи созмони мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои он бо мақсади расидан ба ҳадафҳои умда, аз қабили таҳкими хамбастагии исломӣ ва ҳамкории кишварҳои аъзо, рафъи тамоми шаклҳои табъиз, андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳри посдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии амалиёт ҷиҳати озод ва ҳифз намудани ҷойҳои муқаддас, кумак барои барқарор кардани ҳуқуқ ва озодиҳои мардуми Фаластин, дастгирии муборизаи мардуми мусулмон барои ҳифзи шаъну шарафи хеш, фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри таҳкими ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни кишварҳои аъзо ва дигар давлатҳо ҳамкорӣ намуда истодааст.
Тоҷикистон дар таҳкими нақши ин созмон дар ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ манфиатдор монда, баҳри тавсеаи ҳамкории густурда миёни кишварҳои аъзо кӯшиш хоҳад намуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






