Иҷлосияи КБО барномаи ибтидоии варзишии LA28-ро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 06.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи ибтидоии варзишии Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес дар соли 2028 аз 28 намуди варзиш, аз ҷумла скейтбозӣ, шӯхпаймоии варзишӣ ва мавҷбозӣ (серфинг) бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба ҷавонон иборат аст. Барнома дар Иҷлосияи 139-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар Пекин тасвиб шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
28 намуди варзиш, ки ба барномаи ибтидоии варзиш дохил карда шудаанд, аз ҷониби федератсияҳои байналмилалии зерин идора мегарданд:
- Варзиши сабуки ҷаҳонӣ (WA)
- Қайиқронии академӣ (FISA)
- Федератсияи ҷаҳонии бадминтон (BWF)
- Федератсияи байналмилалии баскетбол (FIBA)
- Федератсияи байналмилалии каноэ (ICF)
- Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ (UCI)
- Федератсияи байналмилалии аспсаворӣ (FEI)
- Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ (FIE)
- Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА)
- Федератсияи байналмилалии голф (IGF)
- Федератсияи байналмилалии гимнастика (FIG)
- Федератсияи байналмилалии ҳендбол (IHF)
- Федератсияи байналмилалии хоккей (чавгонбозӣ) (FIH)
- Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF)
- Иттиҳоди ҷаҳонии гуштинҳо (UWW)
- Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA)
- Регбии ҷаҳонӣ
- Таеквондои ҷаҳонӣ (WT)
- Федератсияи байналмилалии теннис (ITF)
- Федератсияи байналмилалии тенниси рӯи миз (ITTF)
- Федератсияи байналмилалии варзиши тирандозӣ (ISSF)
- Федератсияи ҷаҳонии камонварӣ (WA)
- Триатлони ҷаҳонӣ (TRI)
- Заврақронии ҷаҳонӣ (WS)
- Федератсияи байналмилалии волейбол (FIVB)
- Ассотсиатсияи байналмилалии серфинг (ISA)
- Скейти ҷаҳонӣ (WSK)
- Федератсияи байналмилалии шӯхпаймоии варзишӣ (IFSC)
Варзишҳои скейтбозӣ, мавҷбозӣ ва шӯхпаймоии варзишӣ барои ҷавонон нигаронида шудаанд ва мусобиқаҳои онҳо дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 бомуваффақият анҷом ёфт. Ин се намуди варзиш дар Калифорния (ШМА) решаҳои амиқ доранд.
Намудҳои варзиши бокс, вазнбардорӣ ва панҷҳарбаи муосир эҳтимолан ба Барномаи варзишии LA28 дар ҷаласаи КБО, соли 2023 дохил карда шаванд, инчунин LA28 низ имкони пешниҳод кардани намудҳои иловагии варзишро то соли 2023 дорад.
КБО ва Кумитаи тадорукоти LA28 уҳдадории муштараки худро оид ба афзалият додан ба кам кардани хароҷот ва мураккабии баргузории бозиҳо, аз ҷумла баррасии ҳар як риштаи варзиш бо LA28 ва федератсияҳои дахлдори байналмилалӣ пеш аз Иҷлосияи КБО дар соли 2023 идома медиҳанд.
Дар робита ба футбол, КБО мониторинги таҳаввулоти тақвими бозиҳои байналмилалиро идома медиҳад.
Бокс, вазнабардорӣ ва панҷҳарбаи муосир метавонанд аз ҷониби Иҷлосияи КБО дар соли 2023 ба Барномаи ибтидоии варзишии LA28 дохил карда шаванд, агар то он вақт федератсияҳои байналмилалии дахлдор КБО-ро мутақоид созанд, ки онҳо тавсияҳои Шӯрои иҷроияи КБО-ро аз 9 декабри соли 2021 ба таври қаноатбахш ҳал кардаанд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад






