Имрӯз ҷаласаи кории комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ тариқи видеоконфронс баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Алексей Оверчук ҷаласаи кории комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ тариқи видеоконфронс баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоя, энергетика, маблағгузорӣ, муҳоҷират, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар замони паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистону Русия ҳамгироии нек ба роҳ монда шуда, ба хотири рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳарду ҷониб чораҳои таъхирнопазир андешида шуд.
Дар доираи сиёсати муваффақу бобарори сарони ҳарду давлати бо ҳам дӯст ва заминаи ҳуқуқии шартномаву созишномаҳои мавҷуда татбиқи нақшаву стратегияҳо ба хотири боз ҳам рушд бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ зарур шуморида шуд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






