Комиссияи олии аттестатсионӣ: Барои муайян намудани асолати диссертатсияҳо аз «Антиплагиат» васеъ истифода мешавад
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар таҷрибаи амалии комиссияҳои олии аттестатсионии мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла мамлакатҳои пасошӯравӣ истифодаи васеи воситаҳои иттилооти электронӣ, махсусан барномаҳои компютерии «Антиплагиат» бо мақсади ҳифзи сарватҳои зеҳнӣ ва ҳуқуқҳои муаллифӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ низ барои муайян намудани асолати диссертатсияҳои воридшуда аз ин барнома васеъ истифода мегардад, зикр намуд Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Абдулҳаким Розиқзода иброз дошт, ки истифодаи ин барнома имкон дод ҳолатҳои зиёди асардуздӣ ошкор гарданд, ки ин падидаи барои илм нанговар аст. Ҳолатҳои даъвои шаҳрвандони хориҷӣ низ оид ба ҳодисаҳои асардуздӣ ҷой доранд, ки ба обрӯ ва имиҷи давлату миллат метавонанд латма ворид созанд. Ахиран, натиҷаи санҷиши диссертатсияҳо тавассути барномаи компютерии «Антиплагиат»-и Комиссия аз як тараф ва муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат аз сӯйи дигар, сабаби ба миён омадани баҳсу норозигии зиёд гардида, ба мушкилии ҷиддӣ табдил ёфт, зеро масалан, асолати баъзе диссертатсияҳо 3, 5, 7 ва ҳатто 2%-ро ҳам ташкил медод.
Дар ин робита, дар Комиссия мулоқоти корӣ бо мутасаддиёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии мамлакат оид ба барномаи компютерии «Антиплагиат» сурат гирифт ва баррасии ҷиддии масъала як силсила мушкилотро дар ин раванд ошкор сохт. Бинобар ба миён омадани мушкилот дар ин раванд ва пешгирӣ кардани саргардонии довталабон Комиссия дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тибқи хоҳишу дархости довталабон санҷиши диссертатсия ва ё авторефератро тавассути барномаи компютерии «Антиплагиат»-и Комиссия тариқи онлайн роҳандозӣ намояд. Доир ба ин масъала қарори Раёсати Комиссия қабул шуда, бо фармоиши Комиссия аз моҳи ноябри соли 2021 ба тасвиб расид.
Инчунин дар нишаст зикр шуд, ки аз ибтидои фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ то 31 декабри соли 2021 барои таъсис додани шӯроҳои диссертатсионӣ аз муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба Комиссия 218 дархост ворид гардидааст, ки аз онҳо 86 дархост қонеъ ва 109 дархост бо сабаби ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷавобгӯ набудан рад карда шуданд. То замони аз нав таъсис додани шӯроҳои диссертатсионӣ дар ҷумҳурӣ 54 шӯроҳои диссертатсионӣ амал мекарданд, ки аз рӯйи 145 ихтисос диссертатсияҳоро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм ва доктори илм қабул ва баррасӣ менамуданд.
Таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ барои баргузор намудани ҳимояи якдафъаинаи диссертатсияҳое, ки аз рӯйи ихтисосҳои онҳо дар ҷумҳурӣ шӯроҳои диссертатсионӣ мавҷуд нест, самти дигари фаъолияти Комиссия мебошад. То имрӯз ба Комиссия 131 дархост ворид гардидааст, ки аз он 118 дархост қонеъ карда шудааст. Асосан дархостҳо ҷиҳати таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ барои баргузор намудани ҳимояи якдафъаина аз рӯйи ихтисосҳои нодир, ба мисли гидрология, физика, биофизика, математика, тиб, геология, таҳлили системавӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисод, таърих ва ғайра ворид шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






