Маъмурияти дипломатии Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон ба анҷом расид

Февраль 10, 2022 15:50

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбековро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо зарурати рушди пайдарпайи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро бар асоси рукнҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъкид намуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров 2 феврал Ҷаниш Рустенбековро аз вазифаи сафирӣ озод намуд.

Ҷ.Рустенбеков  аз декабри соли 2018 Сафири Қирғизистон дар Душанбе буд. Қабл аз ин, ӯ намояндагиҳои дипломатии Қирғизистонро дар Туркманистон (2014 — декабри 2018) ва Қазоқистон (декабри 2007 — сентябри 2011) роҳбарӣ мекард. Қабл аз ин вай вазири ҳолатҳои фавқулода, губернатори вилояти Ӯш ва котиби давлатии назди президенти ин ҷумҳурӣ буд.

Тавре расонаҳои Қирғизистон қаблан хабар дода буданд, 30 октябри соли 2018 ҳангоми баррасии номзадии ӯ ба мақоми сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Жогорку Кенеш вакилон ба Рустембеков тавсия додаанд, ки ба масъалаҳои марз бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад. Дар навбати худ номзад ҷавоб дод, ки барои ҳалли ин масъалаҳо тамоми имконотро истифода мебарад.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Февраль 10, 2022 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд