МАРОСИМИ РӮНАМОИИ СИЛСИЛАИ 50-ҶИЛДАИ «АХТАРОНИ АДАБ». Раиси ФИКМТ Маликшо Неъматзода чандин ҷилд китоб харид ва нашри ин силсиларо кори бузург арзёбӣ намуд

Февраль 10, 2022 16:06

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии силсилаи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб» ва китобҳои дигари тозанашр баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни маросими мазкур раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода чандин ҷилд китоб — ҳамон андозае, ки дастонаш вазни онҳоро мебардошт, харида, таассуроташро аз ин маъракаи фарҳангӣ дар саҳифаи фейсбукиаш чунин баён намудааст:

«Сипос ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои даъват ҷиҳати иштирок дар муаррифии 50-ҷилдаи китоби “Ахтарони адаб” ва дигар китобҳои тозанашри Нашриёти “Адиб”… Воқеан кори бузурге барои имрӯзиён ва фардоиён анҷом дода шудааст.  Мероси миллати ман ба фарзандон ва ояндагон ҳамеша дар тӯли таърих китоб буд».

Дар маросими фарҳангие, ки ба ин муносибат дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, сардори Раёсати таъбу нашр дар Вазорати фарҳанг Раҳмоналӣ Шералӣ, олимону муҳаққиқон ва дигар дӯстдорони илму фарҳанг иштирок намуданд.

Сардори Раёсати таъбу нашр дар Вазорати фарҳанг Раҳмоналӣ Шералӣ ба итмом расонидани нашри силсилаи китоби «Ахтарони адаб»-ро навиди ниҳоят фараҳбахши фарҳангӣ номид.

Зикр гардид, ки силсилакитоби «Ахтарони адаб» осори адибони тоҷик, ашъори назмиву насриро аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то муосирони мо дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки бори нахуст дар таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри силсилакитоби “Ахтарони адаб, ки аз соли 2007 то инҷониб нашр мешуд, дар 50 ҷилд мукаммал гардида, бо сифати баланд ба нашр расид.

Зимни ҳамоиши фарҳангӣ шоирону нависандагон ва олимони маъруф Низом Қосим, Камол Насрулло, Кароматулло Олимов ва дагорон сухан гуфтанд.

АКСҲО аз саҳифаи фейсбукии М. Неъматзода

Февраль 10, 2022 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид