Муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ барои 9 ширкат тамдид гардид
ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ба масъалаҳои татбиқи босамари имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаанд, таҳким бахшидан ба раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари аҳолӣ ба маконҳои тамошобоби ҷумҳурӣ дар мавсими нави сайёҳӣ, хусусан таҷлили сазовори ҷашни байналмилали Наврӯз ва тарғиби ҳаматарафаи он, гуногунсозии таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои бойи сайёҳии мамлакат, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, таҳия ва нашр намудани маводи нави иттилоотии тарғиботӣ ва муаррифии онҳо тавассути шабакаҳои имконпазири иттилоотӣ, ҷоннок намудани ҳамкорӣ, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгў ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ ҷалб карда шуд.
Бо тартиби муқарраршуда муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ барои 9 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла ҶДММ “Сайру саёҳати кӯҳӣ”, ҶДММ Ҳифз ва афзоиши бузи кӯҳии морхур ба номи “М-Сайёд”, ҶДММ “Ареал”, ҶДММ “Кӯҳандиз”, ҶДММ “Скай Тур”, ҶДММ “Ориент Адвентур”, “Виркан — Сайр”, ҶДММ “Панҷакент интур” ва ҶДММ “Гиды Памира” тамдид гардид.
Дар идомаи ҳамоиш ба ширкатҳои сайёҳии ҶДММ “Маркази сайёҳӣ ва солимгардонӣ”, ҶДММ “Ориент Адвентур”, ҶДММ “Расул тур”, ҶДММ “Матин Тревел”, ҶДММ “Шумон тур”, ҶДММ “Карон” ва ҶДММ “Кошиф”, ки дар муаррифии зарфияти сайёҳии кишвар дар ҳошияи ҷашни Сада саҳм гузоштанд, сипосномаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ тақдим гардиданд.
Кумита мунтазам самаранокӣ, мақсаднокӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳии кишварро ба талаботи муосир ва қонунгузории амалкунанда мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Дар хатми ҳамоиш бори дигар аз ширкатҳои сайёҳӣ даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарки масъулияти баланд бобати омодасозии барномаҳои мухталифи ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар риштаи сайёҳии дохилӣ, воридотӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳанд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






