Муносибати усулие, ки Тоҷикистон нисбат ба низоми имрӯзаи сиёсии Афғонистон муайян намудааст, тағйир наёфтааст,-бардошт аз нишасти матбуотӣ
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бархӯрди усулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳое, ки бо кишвари Афғонистон робитаҳои деринаи таърихию фарҳангӣ дорад, пеш аз ҳама, ба баҳодиҳӣ ва тарзи ба роҳ мондани муносибате, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, такя мекунад. Ин яъне, таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони тамоми қавму миллатҳо мебошад.
Ин нуктаро имрӯз директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи рӯзноманигорон баён намуд.
Ба гуфтаи мавсуф, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъгирии давлати мо хеле равшану возеҳ баён гардидааст. «Муносибати усулие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба низоми имрӯзаи сиёсии Афғонистон муайян намудааст, тағйир наёфтааст. Яъне, масъала вобаста ба эътироф ва дурнамои ҳамкорӣ бо низоми имрӯзаи сиёсии Афғонистон буда, ба он масъалагузорие, ки давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ имрӯз пеша кардаанд, мутобиқ аст. Мақсад аз ин дар Афғонистон ташкили як низоми сиёсиест, ки хусусияти фарогир ё ин ки ҳамашумул дошта бошад, то тавонад дар сохтори худ тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ, сокинони ин кишвар, аз ҷумла ақаллияти миллиро ҷой диҳад»,-афзуд ӯ
Зикр карда шуд, ки ҳамаи он иқтидоре, ки дар мавриди ҳамлу нақли кумакҳои башарӣ мавҷуданд, тавассути имконияти гузаргоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хидмати созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳое, ки мехоҳанд ба ин кишвар кумак намоянд, гузошта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кумакҳои башариро ба роҳ мондааст ва ин гувоҳи он аст, ки дар сиёсати имрӯзаи кишварамон ду мавқеъгирии усулӣ мавҷуд аст- ин пеш аз ҳама, таъмини сокинони ҳамсоякишвар бо кумакҳои башарӣ ва интиқоли барқ, ки ҷанбаҳои башарӣ дорад.
Дар мавриди ҳамкории илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон Хайриддин Усмонзода афзуд, ки робитаҳо дар давроне, ки дар ин ин кишвар низоми ҷумҳуриявӣ амал мекард, ба тарзи васеъ ба роҳ монда шуда буданд, аммо ҳоло бо дигар шудани низоми сиёсӣ дар кишвар каме маҳдудият ба вуҷуд омадааст.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (21.12.2021) дар мавриди Ҷумҳурии Афғонистон зикр намуда буданд, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад. «Такроран хотирнишон месозам, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд. Яъне сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад».
Дар робита ба ин Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон расонидани кумакҳои башарии мақсаднокро амри зарурӣ донистанд.
«Дар ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар доираи имкон барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд. Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои марбутаи байналмилалӣ имконияти васеи логистикии худро дар ин ҷода пешниҳод намудааст»,-изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






