Намояндаи доимии Тоҷикистон дар мулоқот бо муовинони Дабири кулли СММ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат 9 феврал дар мулоқоти муштараки маҷозии намояндаҳои доимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар СММ бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва сулҳофарин Розмари ДиКарло ва муовини Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои зиддитеррористӣ Владимир Воронков иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот роҷеъ ба таъсири таҳаввулоти ахири Афғонистон ба Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
«Намояндаи доимии кишвар мавқеи Тоҷикистонро дар бораи вазъи кунунии амниятӣ, иқтисодӣ ва башардӯстонаи Афғонистон иброз дошта, аз таъсири он ба Тоҷикистон гуфт», — таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки «мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба толибон тағйир наёфтааст».
Ба зикри С. Муҳриддин, Тоҷикистон ҷонибдори зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки тамоми қавмҳо мебошад. Толибон бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷрои уҳдадории худро оид ба эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон воқеан нишон диҳанд.
«Мо интиқоли пайвастаи неруи барқро ба вилоятҳои шимолии Афғонистон ва шаҳри Кобул идома медиҳем», — гуфт Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон зерсохторҳои логистикии худ, аз ҷумла 6 пул дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро барои интиқоли молҳои башардӯстона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод мекунад. Дар айни замон бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор барои мардуми Афғонистон кумакҳои башарӣ таҳия шуда истодаанд.
Ба гуфтаи вазир, Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти мизони афзояндаи чолишҳо ва таҳдидҳо ҷиҳати таъмини амният ва ҳифзи марзҳои ҷанубӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
«Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон 3 ҳазор оилаи афғон, дар маҷмӯъ ҳудуди 15 ҳазор гурезагон ба сар мебаранд. Дар мавриди боз кардани марзҳо барои қабули гурезаҳои афғон мо сараввал таъмини амнияти дохилии кишварамонро ба инобат мегирем. Дар давраи нооромӣ дар Афғонистони ҳамсоя Тоҷикистон қаламрави худро ба шарикони хориҷӣ барои фиристодани шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Афғонистон ба кишварҳои сеюм пешниҳод намуда буд», — иброз дошт С.Муҳриддин.
Ёдовар мешавем, ки пешниҳод дар бораи зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бори нахуст аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 августи соли 2021 дар Душанбе зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Қурейшӣ садо дода буд.
Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор доштанд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи зудтар як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақаллияти миллӣ, пеш аз ҳама, тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.
АКС: ВКХ Тоҷикистон








Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард






