НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Солҳои 2022-2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди 20 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 2022-2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди 20 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст. Ин нуктаро имрӯз Раиси ноҳия Азизулло Исматзода зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи намояндагони ВАО баён намуд.
«Дар робита ба Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ қарори дахлдори раиси ноҳия ба тавсиб расид, ки тибқи нақша-чорабиниҳо, дар панҷсолаи минбаъда бунёди 20 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст», — гуфт ӯ.
Дар идома Азизулло Исматзода зикр намуд, ки ҳамасола теъдоди хонандагон беш аз 6 ҳазор нафар зиёд мешавад ва зарурат пеш меояд, ки ҳар сол 5 муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода диҳанд.
«Дар давраи ҳисоботӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ барои 735 ҷойи нишаст ва 5 синфхонаи иловагӣ дар назди таълимгоҳҳо сохта ба истифода шуданд. Ҳоло сохтмони 38 синфхонаҳои иловагӣ бо 936 ҷойи нишаст дар назди муассисаҳои таълимӣ идома дорад», — тазаккур дод раиси ноҳия.
Ҳамчунин маълумот дода шуд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ 109 ададро ташкил дода, ҳамагӣ дар соҳаи саноат 1634 нафар кормандон фаъолият доранд. Соли 2021 дар ноҳия 10 корхонаи саноатӣ бинобар сабабҳои фарсуда будани таҷҳизот ва рақобатнопазирии маҳсулот, ҳамчунин аз таъсири пандемияи COVID-19 аз фаъолият бозмонданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид






