ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок шуда, туман мефарояд. Инчунин дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 14-19 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон борида, шабона ва саҳаргоҳон бо гузариш ба барфи тар ба амал меояд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона -4+1 дараҷа мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон борида, шабона ва саҳаргоҳон ба барфи тар мегузарад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14 дараҷа хунук, рӯзона -2+3 дараҷа, дар баъзе ноҳияҳо то 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон борон ба барфи тар мегузарад, рӯзона ҳавои асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






