ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон тормеғ мефарояд
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8-12 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ фаромадани тормеғ (туман) боқӣ мемонад. 8-10 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шоҳроҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ—Ҷелондӣ зуҳуроти яхбандӣ ва фаромадани тарма боқӣ мемонад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, шабона бебориш, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида баъзан барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 24-29 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 10-15 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ бориши сусти борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан бориши сусти барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+4 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар водиҳо асосан бебориш шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, шабона асосан бебориш дар назар буда, рӯзона дар нимаи рӯз бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






