ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад

Февраль 2, 2022 08:09

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе холатҳо борони суст борида, туман мефарояд,  иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳида баъзан бориши сусти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 23-28 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 30-35, (дар мавзеи Булункӯл аз 35-37 дараҷа хунук то 40-42 дараҷа хунук)  ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан борони суст борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар   доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона ҳавои асосан бебориш дар назар аст. Рӯзона дар водиҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан бориши сусти барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, баъзе ноҳияҳо то 11-16 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе шабона ҳавои бебориш дар назар буда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 2, 2022 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад