Омодагиҳо ҷиҳати баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд

Февраль 11, 2022 16:01

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Омодагиҳо ҷиҳати баргузории ҷаласаи сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории  иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибн Абдурраҳмон ар-Решайдон  дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки мусоҳибон дар мулоқот  масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти ҷалби сармояи мустақим ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ  дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Инчунин дар мулоқот омодагиҳо ба Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар самти афзоиши гардиши савдо муҳокима гардиданд.

 

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Февраль 11, 2022 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид