Руминия, Малайзия, Корея ва Озарбойҷон барои шаҳрвандони Тоҷикистон озмуни бурсияҳо эълон намуданд

Февраль 25, 2022 10:12

ДУШАНБЕ, 25.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Малайзия, Корея ва Озарбойҷон дар соли таҳсили 2022-2023 оғоз гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» -и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамчунин Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж, Донишгоҳи давлатии Олтой, Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Пенза, Донишгоҳи давлатии Новгород ва дигар донишгоҳҳои олӣ ва илмии Федератсияи Русия омодаанд шаҳрвандони ҷумҳуриро аз рӯи равияҳои дақиқ, табиии риёзӣ, гуманитарӣ ва коркарди технологияҳои навин ба тариқи ройгон ба таҳсил фаро гиранд.

Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба диққати довталабон мерасонад, ки муассисаҳои олӣ ва илмии давлати Руминия аз рӯи зинаҳои гуногуни таҳсил қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ҷиҳати иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023 эълон намудаанд.

Руминия эълон доштааст, ки гирандагони стипендияҳое, ки аз ҷониби ин давлат барои таҳсил дар зинаи бакалавр ва магистр дар донишгоҳҳо қабул мешаванд, бо мақсади тарғиби забон ва фарҳанги руминӣ бо ин забон таҳсил мекунанд.

Инчунин докторантҳо метавонанд таҳсилро бо забони руминӣ ё забони хориҷии муқаррарнамудаи барномаи докторӣ интихоб кунанд. Барои номзадҳое, ки забони руминиро намедонанд, барои омӯхтани забони руминӣ пеш аз таҳсил дар донишгоҳ, ба истиснои дорандагони стипендияҳои докторӣ, ки шакли таҳсили забони хориҷии дар докторантура муқарраршударо интихоб кардаанд, як сол барои омӯзиши забони руминӣ ба тариқи ройгон пешбинӣ шудааст.

Довталабон метавонанд барои маълумоти муфассал ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ муроҷиат намоянд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 25, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд