Русия ба табодули таҷрибаи хеш ҷиҳати ҳудудмуайянкунии* сарҳад миёни Душанбе ва Бишкек омода аст

Февраль 11, 2022 12:56

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Русия омода аст, таҷрибаи ғании худро ҷиҳати ҳудудмуайянкунии сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мубодила кунад. Дар ин бора зимни мусоҳиба бо ТАСС муовини Вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко изҳори назар намуд.

«Русия омода аст, таҷрибаи ҳудудмуайянкунии сарҳадро бо Душанбе ва Бишкек табодул намояд. Таҷрибаи мо ғанӣ аст. Хусусан бо ҳамсояи муштараки онҳо – Қазоқистон», — гуфт муовини вазир.

Руденко таъкид кард, ки вазъ дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар водии Фарғона ноором боқӣ мондааст, ки ин ҳолат боиси нигаронии ҷиддии Русия мегардад. «Мо пайваста ҷонибдори ҳалли ҳама баҳсҳое ҳастем, ки танҳо бо роҳи сулҳомез ҳал мешаванд: риояи қатъии созишномаҳои оташбас, хуруҷи неруҳо ва техникаи ҳарбӣ, роҳ надодан ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, аз ҷумла дар ВАО», — афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, омили аввалини ин ҳодиса маълум аст. «То замоне ки мушкили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳо ҳал нашавад, такроршавии даргириҳоро истисно кардан мумкин нест. Сарҳадҳои ҳамоҳангнашуда низ хатари дигареро низ дар пай доранд — вуруди гурӯҳҳои тундрави радикалӣ, ки аъзои онҳо дар навбати худ нафарони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазирро ба сафи худ ҷалб мекунанд»,- гуфт Руденко.

Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия ҳамчунин зикр кард, ки СААД саъю кӯшиши Тоҷикистон ва Қирғизистонро барои ҳалли тамоми баҳсҳо дар руҳияи муттаҳидӣ ва ҳамсоягии нек, ки асоси фаъолияти ин Созмон мебошанд, ҷонибдорӣ мекунад.

Тавре ТАСС менависад, дарозии сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад, ки пас аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар он даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез боқӣ мондаанд. Ҳоло дар ҷараёни делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад тақрибан 2/3 хати гузаргоҳи марз аллакай муайян шудааст. Дар баъзе минтақаҳо гоҳ-гоҳ миёни сокинони маҳаллии мавзеъҳои наздисарҳадӣ баҳсу муноқишаҳо ба амал меоянд.

 

АКС: © Sputnik / Нина Зотина

________________________________________

* Ҳудудмуайянкунӣ — ин корҳои кадастрӣ барои ба ду ё бештар тақсим кардани як қитъа мебошанд. Сарфи назар аз он ки истилоҳи ҳуқуқии “ҳудудмуайянкунӣ” вуҷуд надорад, худи ин тартиб аз ҷониби қонун хуб танзим карда мешавад ва инчунин метавонад барои равшан кардани сарҳадҳо дар баҳсҳо миёни ҳамсояҳо ва дар ҳолатҳои дигар талаб карда шавад.

Февраль 11, 2022 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид