Рустами Эмомалӣ дар конфронси байналмилалӣ таҳти мавзӯи «Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ: об моро муттаҳид мекунад» иштирок ва суханронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал бо ташаббуси Академияи султонии илм ва эътимоди байналмилалӣ (RASIT) дар ҳамкорӣ бо якчанд кишварҳои узви СММ, аз ҷумла Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ таҳти мавзӯи «Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ: об моро муттаҳид мекунад» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати Тоҷикистонро дар конфронс Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифӣ карданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар дар суханронии худ аз мушкилиҳои соҳаи об дар ҷаҳон ёдрас шуда, аҳаммияти нақши ҷомеаи ҷаҳониро дар пешгирии ин раванд ва тақвият бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, ба вежа Ҳадафи шашуми рушди устувор таъкид намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ инчунин оид ба нақши занону духтарон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷаҳонӣ сухан гуфта, аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ин мавзӯъ хотиррасон шуданд.
Дар баробари ин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ аз пешбарии масъалаи баробарии гендерӣ дар ҳошияи Раванди оби Душанбе гуфта, ба алоқамандии масъалаҳои об ва гендерӣ таваҷҷуҳи вежа зоҳир карданд.
Дар ин хусус, муҳтарам Рустами Эмомалӣ др бораи баргузории Форуми махсус оид ба занон ва об дар доираи Конфронси дуввуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (6-9 июни соли 2022, Душанбе) иттилоъ доданд.

Зикр карда шуд, ки Форуми мазкур барои муҳокимаи васеътари масъалаҳои об аз нуқтаи назари гендерӣ ва пурзӯр намудани нақши занон дар пешбарии масъалаҳои об платформаи иловагиро ташкил хоҳад кард.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои чорабинии имрӯза, Форуми занон ва оби Конфронси Душанбе барои тақвият бахшидани пешрафт дар самти ноилшавӣ ба баробарии гендерӣ дар бахши об, ҷалби занону духтарони соҳаи илм дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва Конфронси 2023 саҳми назаррас мегузоранд.
Дар ҷамъомади мазкур инчунин Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, Раиси иҷлоси 76-уми МУ СММ Абдулло Шоҳид, президентҳои Словения, Кипр, Португалия, Малта, Юнон, Эквадор, инчунин Раиси Ҳукумати Сан-Марино, вазирони Испания, Бутан, Ҷумҳурии Корея ва Латвия иштирок ва суханронӣ карданд.
Созмондиҳандагони асосии Конфронси мазкурро кишварҳои Кипр, Кения, Лубнон, Малта, Марокаш, Филиппин, Лаҳистон, Португалия, Қатар, Руанда, Словакия, Словения, Испания, Тоҷикистон ва як қатор ниҳодҳои СММ ташкил карданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид






