СААД соли 2022 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ силсилаи машқҳо баргузор мекунад

Февраль 11, 2022 12:50

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) соли 2022 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як силсила машқҳо баргузор мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Ситоди муштараки СААД.

«Дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон мо ба нақша гирифтаем, ки машқҳои муштарак ва махсусеро, ки омӯзиши ҷузъу томҳои гуногуни қӯшунҳои (қувваҳои дастҷамъии) СААД-ро муттаҳид мекунанд, доир намоем», — омадааст дар мавод барои брифинги сардори Ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров.

Дар Тоҷикистон тамриноти муштарак бо Неруҳои зудамали дастҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ «Сарҳад-2022» баргузор мешаванд. Иштирокчиён усулҳои мубориза бо созмонҳои байналмилалии террористиро таҳия мекунанд.

«Дар марҳилаи ниҳоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузории омӯзиши фармондеҳию ситодӣ бо неруҳои посдори сулҳи СААД «Бародарии шикастнопазир – 2022» дар назар дошта шудааст», — гуфта мешавад дар мавод.

Дар ҷараёни омӯзишҳо вазифаҳои танзими баъдиҷангӣ дар минтақаи буҳронӣ бо роҳандозии амалиёти посдори сулҳ таҳия карда мешаванд.

Қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба лоиҳаи фармони президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ки дар сомонаи «Санади меъёрии ҳуқуқии кушода» нашр шудааст, хабар дода буд, ки Қазоқистон ният дорад дар Москва намояндагии доимӣ дар назди СААД ифтитоҳ намояд. Гуфта мешавад, ки фармон то 15 феврал мавриди муҳокимаи умум қарор мегирад.

 

АКС: news.myseldon.com

Февраль 11, 2022 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд