Дар Москва масъалаи омодагӣ ба баргузории сафари расмии Валентина Матвиенко ба Душанбе баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовинони Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Константин Косачев ва Николай Журавлёв баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо аҳамияти муносибатҳои байнипарламентиро, ки тибқи анъана дӯстона буда, дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар густариш меёбанд, зикр карданд.
Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду савдо, тандурустӣ, маориф ва илм, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Мусоҳибон масоили омодагӣ ба баргузории сафари расмии дарпешистодаи Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенкоро ба Душанбе, ки 24-25 феврал дар назар аст, баррасӣ намуданд.
«Изҳори боварӣ шуд, ки сафари расмии Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои ду кишвар дар тамоми самтҳои муҳими ҳамкорӣ такони нав мебахшад», — гуфта мешавад дар хабари ВКХ Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2020 зимни сафари расмӣ ба Русия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Москва бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот карда буданд.
Рустами Эмомалӣ ба раиси палатаи болоии парлумони Русия барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ изҳори миннатдории самимӣ намуда, аҳамияти баррасии масъалаҳои мубрами шарикии стратегии ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузорӣ таъкид карда, самимона Валентина Матвиенкоро барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон даъват карда буданд.
10-11 ноябри соли 2021 ҷаласаҳои якҷояи кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар сиғаи онлайн дар чаҳорчӯби омодагӣ ба Анҷумани VII байналмилалии «Тоҷикистон-Русия: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ», ки баргузории он моҳи феврали соли 2022 дар назар аст, доир шуданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид






