Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон аз вазифа барканор гардид

Февраль 3, 2022 11:41

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Садир Жапаров сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбековро аз вазифа озод намуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 2 феврал хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон хабар додааст.

«Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров фармон ба имзо расонид, ки тибқи он Рустенбеков Ҷаниш Султонқулович аз вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд», — омадааст дар хабар.

Ҷ.Рустенбеков (ДАР АКС) аз декабри соли 2018 сафири Қирғизистон дар Душанбе буд. Қабл аз ин, ӯ намояндагиҳои дипломатии Қирғизистонро дар Туркманистон (2014 — декабри 2018) ва Қазоқистон (декабри 2007 — сентябри 2011) раҳбарӣ мекард. Қабл аз ин вай вазири ҳолатҳои фавқулода, губернатори вилояти Ӯш ва котиби давлатии назди президенти ин ҷумҳурӣ буд.

Тавре расонаҳои Қирғизистон қаблан хабар дода буданд, 30 октябри соли 2018 ҳангоми баррасии номзадии ӯ ба мақоми сафир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Жогорку Кенеш вакилон ба Рустембеков тавсия додаанд, ки ба масъалаҳои марз бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад. Дар навбати худ номзад ҷавоб дод, ки барои ҳалли ин масъалаҳо тамоми имконотро истифода мебарад.

                                                   АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 3, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид