Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Бука китобҳои дарсии тоҷикӣ ва бадеӣ туҳфа кард
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз шаҳри Чирчиқ ва ноҳияи Букаи вилояти Тошканд дидан кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон хабар медиҳад.
Зимни сафар вохӯрии сафир бо ҳокими шаҳри Чирчиқ Даврон Ҳидоятов ва ҳокими ноҳияи Бука Низомиддин Аббосов баргузор гардида, масъалаи тақвияти ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳамзамон таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни шаҳру ноҳияҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо Узбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ноҳияи Бука Абдуҷаббор Раҳмонзода дар якҷоягӣ бо ҳоким ва масъулони бахши маориф ва фарҳанг аз мактабҳои тоҷикии № 43 ва №9, инчунин аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар мактаби замонавӣ дар деҳаи Навободи ин ноҳия, ки бо ташаббуси сокинони тоҷикнишини ин деҳа ва дастгирии ҳокимияти ноҳия амалӣ шуда истодааст, дидан намуд.



«Аз номи Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон ба муассисаҳои мазкур китобҳои дарсӣ ва бадеӣ бо забони тоҷикӣ тақдим гардида, вохӯриҳои судманди сафир бо директорони муассисаҳои таҳсилотӣ, омӯзгорон, хонандагон, масъулони деҳаи Навобод ва сокинони ҷавони он вобаста ба гиромидошт ва таҳкими дӯстӣ миёни тоҷикҳо ва узбекҳо баргузор карда шуданд», — омадааст дар иттилоияи Сафорат.



Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар дод, ки Сафири Тоҷикистон дар Узбекистон зимни шиносоӣ дар мактаби рақами 43 аз ҳамкории дуҷонибаи ҳарду кишвари дӯст дар соҳаи маориф ва илм ёдовар шуда, гуфтааст, ки ин ҳамкорӣ соли равон рушд хоҳад ёфт.
Ҳокими ноҳияи Бука изҳори хушнудӣ намуд, ки дар доираи муносибатҳои неки ҳарду кишвар дар соҳаи маориф ва илм шаҳрвандони Узбекистон, аз ҷумла аз маҳаллаҳои тоҷикнишин дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯи тахассусҳои омӯзгорӣ таҳсил менамоянд.
Зикр гардид, ки бештари омӯзгорони деҳаҳои Валиғонду Истошон таҳсилдидаҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон мебошанд.
АКСҲО: Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон/ Вазорати маориф ва илми ҶТ










Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»






