Самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо UNHCR барои мусоидат ба паноҳандагон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевдӣ бо дархости он ҷониб баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо UNHCR, аз ҷумла мусоидат ба паноҳандагон ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин иттилоъ дод, ки «имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон 3 ҳазор оилаи афғон, дар маҷмӯъ ҳудуди 15 ҳазор гурезагон ба сар мебаранд. Дар мавриди боз кардани марзҳо барои қабули гурезаҳои афғон мо сараввал таъмини амнияти дохилии кишварамонро ба инобат мегирем. Дар давраи нооромӣ дар Афғонистони ҳамсоя Тоҷикистон қаламрави худро ба шарикони хориҷӣ барои фиристодани шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Афғонистон ба кишварҳои сеюм пешниҳод намуда буд».
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






