Ширкатҳои Озарбойҷон барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд

Февраль 17, 2022 08:25

ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон Инам Каримов, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мебошад, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мақсади вохӯрӣ муҳокимаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии номбурда, инчунин густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, нақлиётию транзитӣ, сармоягузорӣ ва кишоварзӣ мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни ҷонибҳо дар мавриди масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ташкили мулоқоти коршиносони ду кишвар ва ҷалби ширкатҳои Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон табодули фаъоли афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки 29 майи 2022 ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон (29 майи 1992) 30 сол мешавад.

Аз 22 сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 марти соли 2008 фаъолиятро оғоз кард.

Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори устувору пайгиронаи густариш ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошанд ва мавқеи муштаракро оид ба баланд бардоштани самаранокии СММ, САҲА, ИДМ, СҲИ, ЭКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба онҳо аъзо мебошанд, тарафдорӣ мекунанд.

Ба рушд ва таҳкими муносибатҳои тарафайн асосан вохӯриҳои сарони ду давлат дар сиғаҳои гуногун мусоидат мекунад.

Дар айни замон заминаи ҳуқуқии Тоҷикистон ва Озарбойҷон зиёда аз 55 созишнома ва шартномаро дар бар мегирад, ки муҳимтарини онҳо Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошанд, ки 16 марти соли 2007 имзо шудааст.

Ҳуҷҷатҳои байни ду кишвар қабулшуда, бешубҳа, заминаи ҳуқуқии таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар тамоми соҳаҳо мебошанд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи коммуникатсияи нақлиётӣ, аз ҷумла истифодаи имконияти транзитию нақлиётии Озарбойҷонро метавон ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои мутақобилаи иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон арзёбӣ кард.

Дар ҳамоҳангсозии ҳамкории иқтисодӣ ва гуманитарии кишварҳои мо Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ мебошад.

30 марти соли 2021 дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии «Раванди Истанбул — Қалби Осиё» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ мусоҳибон тавофуқ намуданд, ки бо талошҳои вазоратҳои корҳои хориҷӣ рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаро ғанӣ гардонанд.

Пас аз анҷоми мулоқот маросими имзои Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон барои солҳои 2021-2022 баргузор гардид.

 

Акс: ВКХ ҶТ

Февраль 17, 2022 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил гардиданд
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷашнҳои давлатӣ таҷлил карда шуданд
Дар Тошканд ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони умумиҷаҳонии савдо баррасӣ шуд
Дар Ҳафтаи байналмилалии оби Корея аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба обу иқлим ёдовар шуданд
Дар Душанбе Маркази дипломатияи об ифтитоҳ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи таҳсилоти олӣ баррасӣ гардид
Муовини якуми Раиси ҲХДТ бо муовини раиси Фраксияи ҳизби «Единая Россия» дар Думаи давлатӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои таҳсилоти олии Туркия мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории Мақомоти сармоягузории Абузабӣ мулоқот намуд