Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Парлумони Аврупо, ки дар Душанбе таҳти роҳбарии раиси Кумитаи корҳои байналмилалии Парлумони Аврупо Дэвид Макаллистер қарор доранд, мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ мавзӯоти муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла ҳамкории байнипарлумонӣ, инчунин вазъ дар минтақа ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, дар Брюссел 8 феврал Сафири Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода бо Раиси Кумитаи равобити байналмилалии Парлумони Аврупо Дэвид Макаллистер мулоқот намуда буд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъ ва дурнамои равобити ИА ва Тоҷикистонро, аз ҷумла дар бахши умури парлумонӣ баррасӣ намуда, ният ва нақшаҳои хешро ҷиҳати рушду густариши онҳо иброз доштанд.
Қисмате аз мусоҳиба ба мавзӯъҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва марзи ду кишвар рабт дошт. Мусоҳибон дар масъалаи зарурати ҳалли масоили баррасишуда ба нафъи сулҳу суботи минтақа ва рушду инкишофи кишварҳои он ҳамфикр буданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






