Соли 2021 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 4 тонна маводи нашъаовар мусодира карда шуд

Февраль 17, 2022 09:57

ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаю 83 кг 274 гр маводи нашъаовар мусодира карда шуд, ки дар қиёс ба соли 2020 68,4 фоиз ё 1 тоннаю 658 кг 36 гр зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода иттилоъ дод.

Мавсуф зикр намуд, ки аз ҷумла аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ – 2 тоннаю 29 кг 774 гр, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ — 1 тоннаю 663 кг 659 гр, Агентии назорати маводи нашъаовар – 357 кг 638 гр, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 30 кг 727 гр ва Хадамоти гумрук – 1 кг 121 гр маводи нашъаовар мусодира гардид.

«Соли 2021 дар муқоиса ба соли 2020 мусодираи маводи нашъаовари героин 2,1 маротиба зиёд ва афюн 24,7 фоиз коҳиш ёфта,  мусодираи ҳашиш мутаносибан 2,3 маротиба афзоиш ва бангдона 10,4 фоиз коҳиш ёфтааст, — гуфт директори Агентӣ ва илова кард, ки соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамагӣ 106 кг моддаҳои психотропӣ мусодира шудаанд, ки нисбат ба соли 2020 2,4 маротиба ё 63 кг зиёд мебошад».

Ба иттилои ӯ, аз миқдори умумии моддаҳои психотропии мусодирашуда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 53 кг 191 гр ё 50,3 фоиз ба Агентии назорати маводи нашъаовар тааллуқ дорад.

Илова бар ин Ҳабибулло Воҳидзода тазаккур дод, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 ҳазору 537 дона ҳабҳои синтетикӣ мусодира гардиданд, ки аз ин шумора 5 ҳазору 473 ҳабро Агентӣ мусодира намудааст.

Ҳамзамон дар ин давра кормандони Агентӣ як ҳолати муомилоти пулҳои қалбакиро ошкор карда, аз шаҳрванд Абдураҳмон Ҳамидов дар ҳаҷми 8600 доллари ИМА дарёфт ва мусодира намуданд.

Аз рӯи ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 281, қ.2 оғоз карда шудааст.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2022 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид