ТАСС: Русия ба лоиҳаҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст

Февраль 22, 2022 12:28

ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи тиҷоратии Русия Евгений Коренков гуфт, ки Федератсияи Русия ба фаъолсозии ҳамкории сармоягузорӣ бо ҷумҳурӣ умедвор аст. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ дар робитаи тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон нақши муҳим доранд, иттилоъ медиҳад ТАСС.

Коренков аҳамияти фаъолсозии ҳамкории сармоягузорӣ, инчунин танзими қарзҳо ва беҳбуди инфрасохтори таҳвилро тасдиқ кард.

Дар баробари ин ӯ зикр намуд, ки дар бозорҳои ду давлат бояд ширкатҳои бузурги ҳарду кишвар таъсис ёфта, кор баранд.

Евгений Коренков зикр кард, ки Тоҷикистон самти муҳими рӯзномаи иқтисодии байналмилалии Русия маҳсуб мешавад. Русия ба таъсиси корхонаҳои муштарак, ҳамкории саноатӣ ва илмию техникӣ манфиатдор аст.


«На танҳо афзоиши мунтазами аҳолӣ, суръати баланди сохтмонӣ, ҷараёни рақамикунонӣ ва саноатикунонӣ, балки имконияти гардиши содиротӣ бо давлатҳои ҳамсоя низ ба нафъи ҷумҳурӣ мебошанд», — изҳор дошт намояндаи тиҷоратӣ.

Илова бар ин, ба гуфтаи Коренков, Федератсияи Русия аллакай дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ҳамчунин бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон оид ба ду дархости корхонаҳои саноати сабуки Русия фаъолона ҳамкорӣ мекунад.

Сухан дар бораи фаъолони бозор дар истеҳсоли либос ва либоси ягонаи корӣ меравад. Дар нақша аст, ки онҳо аз Тоҷикистон ба миқдори зарурӣ матоъ харидорӣ кунанд ва ҳамчунин фармоиш диҳанд ё «ба сармояи корхонаҳои тавлиди ришта ворид шаванд».

 

АКС: © Sputnik / Амир Исоев

Февраль 22, 2022 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид