Театрҳои Тоҷикистон дар Фестивали 40-уми байналмилалии театрӣ дар Теҳрон «Фирдавсӣ» ва «Лаъли Бадахшон»-ро намоиш медиҳанд

Февраль 10, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 16 феврал дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон  Фестивали 40-уми байналмилалии театрии «Фаҷр» доир мегардад, ки дар он ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷашнвораи мазкур  Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоиши «Фирдавсӣ»-ро аз рӯи асари Сотим Улуғзода ва Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ намоиши «Лаъли Бадахшон»-ро аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус манзури тамошобинони хориҷӣ менамоянд.

Тибқи барномаи ҷашнвора, театрҳои Тоҷикистон 12-13 феврал намоишҳои хешро пешниҳод менамоянд.

 

АКС аз бойгонӣ

Февраль 10, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид