Тоҷикистон соли 2021 ҳудуди 16 млрд кВт/соат неруи барқ ​​истеҳсол кард

Февраль 15, 2022 09:32

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 15 млрд 925,2 млн кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 дар ҳаҷми 676,9 млн. кВт/соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 104,4% баробар шуд. Ин нуктаро 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ раиси Ширкати саҳомии холдингии «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода иброз намуд.

Ба гуфтаи мавсуф, бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ соли 2021 Ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҳаҷми 4 млрд 481,4 млн кВт/соат неруи барқро ба маблағи умумии 1 млрд 595,4 млн сомонӣ харидорӣ намуд. Дар муқоиса бо соли 2020 хариди неруи барқ дар ҳаҷми 143,3 млн. кВт/соат ё ба маблағи 176 млн сомонӣ зиёд гардидааст. ШСХК «Барқи Тоҷик» асосан аз НБО-и «Сангтӯда-1», НБО-и «Сангтӯда-2» ва ҶСК «НБО-и Роғун» барқ ворид намудааст.

Ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ соли 2021 нисбат ба соли 2020 дар ҳаҷми 911,6 млн. кВт/соат зиёд гардида, дар маҷмуъ ба 2 млрд 434,5 млн кВт/соат баробар шуд. Неруи барқ асосан ба Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд 275,2 млн кВт/соат ба маблағи 635,9 млн сомонӣ ва ба Узбекистон дар ҳаҷми 1 млрд 146,8 млн кВт/соат ба маблағи 258,8 млн сомонӣ содирот карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2022 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд