Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории фарҳангиро тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал дар Теҳрон мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Маҳдии Имонипур баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мулоқоти мазкур ба муносибати ташрифи ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ ба Эрон ҷиҳати ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии театрии «Фаҷр» барпо шуд.
Ҷониби эронӣ аз ташрифи ҳунармандони тоҷик изҳори хушнудӣ карда, ба намоишҳое, ки аз ҷониби ҳунармандони тоҷик пешкаши тамошобинони эронӣ гардиданд, баҳои баланд дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкории фарҳангии мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Эрон табодули назар карданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, аз 10 то 16 феврал дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Фестивали 40-уми байналмилалии театрии «Фаҷр» доир мегардад, ки дар он ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Дар ҷашнвораи мазкур Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоиши «Фирдавсӣ»-ро аз рӯи асари Сотим Улуғзода ва Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ намоиши «Лаъли Бадахшон»-ро аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус манзури тамошобинони хориҷӣ гардониданд.
Тибқи барномаи ҷашнвора, театрҳои Тоҷикистон 12-13 феврал намоишҳои хешро пешниҳод намуданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






