Тоҷикистон ва Туркия корҳоро дар самти бунёди Фонди муштараки сармоягузорӣ тақвият мебахшанд

Февраль 2, 2022 13:14

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Президенти Идораи рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Туркия (KOSGEB) Ҳасан Басри Курт 1 феврал баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ, алалхусус ташкили Фонди муштараки сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия барои маблағгузории лоиҳаҳои ширкатҳои хурду миёнаи ду кишвар дар Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Зикр гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (21 декабри соли 2022) бинобар саҳми бузурги соҳаи саноат дар рушди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, бахусус раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат эълон гардиданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва KOSGEB, ки дар ҳошияи ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ имзо шудааст, нақшаи амал таҳия намуда, корбариро дар самти бунёди Фонди муштараки сармоягузорӣ тақвият бахшанд.

Ёдовар мешавем, ки 6 декабри соли 2021 дар Маркази Конгресси Селчуқлуи шаҳри Қуния Форуми соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар фарҷоми Форум Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби вазирон Шералӣ Кабир ва Мустафо Варанк ба имзо расонида шуд. Инчунин миёни Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов-роҳбари кулли Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд ва Селчук Озтурк- раиси Палатаи савдои шаҳри Қуния Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар қисми дуюми ҳамоиш пас аз гуфтушунидҳо дар формати B2B бо Муассисаи давлатии «Маркази лоиҳакашӣ ва рушди технологияҳои нави саноатӣ»-и назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 тафоҳумномаи сармоягузорӣ ба арзиши умумии $52 миллион ба имзо расид.

Ҳамчунин дар формати B2B миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия беш аз 10 ёддошт ва созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид, ки ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо беш аз 200 миллион долларро ташкил медиҳад.

АКС: ВКХ ҶТ

Февраль 2, 2022 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Фаронса бо дабири кулли Бюрои байналмилалии намоишгоҳҳо мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират мулоқот намуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Мустақбал баррасӣ шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд